МУЛОҚОТИ ДУҶОНИБА ВА ИМЗОИ МЕМОРАНДУМИ ҲАМКОРӢ БО КОЛЛЕҶИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ БИНҶОУ
19 августи соли 2026 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти донишкада бо намояндагони Коллеҷи илм ва технологияи Бинҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар мулоқот аз ҷониби муассисаи чинӣ Liu Xiang — директори иҷроия ва Wang Yalin — муовини декани Мактаби таҳсилоти байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар оғози ташриф меҳмонон бо фаъолияти донишкада аз наздик шинос гардида, ба онҳо имкониятҳои таълимӣ, илмӣ, инноватсионӣ ва инфрасохтории донишкада муаррифӣ карда шуданд. Зимни боздид ҷонибҳо оид ба самтҳои омодасозии мутахассисон, истифодаи технологияҳои муосир ва имкониятҳои татбиқи ташаббусҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самтҳои табодули донишҷӯёну омӯзгорон, такмили ихтисоси кормандон, таҳияи муштараки барнома ва маводи таълимӣ, инчунин таъсиси марказҳои омӯзишӣ ва касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкорӣ дар самтҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла истеҳсолоти зеҳнӣ, робототехникаи саноатӣ, мехатроника, автоматизатсия, нақлиёти дорои манбаъҳои нави энергия ва технологияҳои бесарнишин зоҳир гардид. Ин самтҳо аз бахшҳои афзалиятноки фаъолияти Мактаби истеҳсолоти зеҳнии Коллеҷи илм ва технологияи Бинҷоу ба ҳисоб мераванд.
Дар анҷоми мулоқот байни ду муассисаи таълимӣ Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ, табодули академӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Меморандум барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва татбиқи ташаббусҳои муштараки таълимӣ, илмӣ ва академӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Самтҳои пешбининамудаи он табодули омӯзгорону донишҷӯён, такмили ихтисос, таҳқиқоти муштарак, таҳияи курсҳо ва стандартҳои касбӣ ва дигар шаклҳои ҳамкориро дар бар мегиранд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди тадриҷӣ ва судманди ҳамкориҳо изҳор намуданд.
Бояд қайд намуд, ки имзои Меморандум қадами муҳим дар роҳи таҳкими робитаҳои Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои донишҷӯёну омӯзгорон арзёбӣ мегардад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ВАО